Иқдоми солинавии Агентии обуҳавошиносӣ

Иқдоми солинавии Агентии обуҳавошиносӣ

Дар партави сиёсати хирадмандона ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тадбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии хайриявии идона баргузор намуд. Дар он кормандони шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муовини роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Осмони соф» ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташриф оварда, тӯҳфаҳои идонаро дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ тақдим намуданд.

Новости