Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ

Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ

22 ноябри соли 2019 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият додани сатҳи дониш ва малакаи кормандон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи  «Маркетинги хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ» баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ), ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардида истодааст, гузаронида шуд.

Дар семинар 40 нафар кормандон аз ҷумла 17 нафар занон, кормандони Марказҳои минтақавии Агентӣ ва мушовирони ширкати байналмилалии FCG International, ки барои идоракунии лоиҳа ҷалб шудаанд, иштирок намуданд. Аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ  таҷрибаи байналмилалии маркетинг, аз ҷумла таҷрибаи муосири Институти метеорологии Финляндия барои ҷонибҳои ҳавасманд баррасӣ ва ба иштирокчиёни семинари омӯзишӣ шинос карда шуд. Аз ҷониби кормандони Агентӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ва устувор намудани онҳо таклифҳои мақсаднок пешниҳод гардиданд.

 

Новости