Иштироки ҳайати гуруҳи кории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло дар 26-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба та

 

Тибқи розигии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 октябри соли 2021, №29/10-331 ҳайати гуруҳи кори Агентӣ бо роҳбарии директор дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ 26-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-26) ширкат варзиданд.

Дар конфронси мазкур Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло, муовини директори Лоиҳаи давлатии сармоягузории “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” Музаффар Шодмонов, Сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳаво Саттор Саидов ва Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилӣ Рӯзиев Комрон иштирок намуданд.

Давлатҳои аъзои (COP) ҳамасола аз соли 1995 сар карда то инҷониб вохӯриҳо мегузаронанд, ки аз соли 2019 то 2021 шумораи аъзои давлатҳо Конфронси тарафҳо (COP) ба 197 расидааст. Дар Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-26), ки дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид, намояндагони беш аз 197 кишварҳои дунё  иштирок ва гуфтушунид карданд.

Мақсади асосии баргузории 26-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-26):

  1. Баррасии талошҳои муштарак барои мубориза бо тағйирёбии глобалии иқлим;
  2. Коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ то соли 2030;
  3. Афзоиш додани маблағгузорӣ дар соҳаҳои тағйирбии иқлим;
  4. Нигоҳ доштани болоравии ҳарорат дар ҳудуди 2 ° C аз ибтидои давраи саноатӣ ва инчунин нигоҳдории ҳарорат то 1,5 ° C мебошад.

Вохӯриҳои директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло бо як қатор раҳбарони ташкилоту намояндагони кишварҳои аъзои Конфронси тарафҳои (COP-26) дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

8 ноябри соли 2021 Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода бо директори хадамоти Марказии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳабибуллаев Шерзод Ҳабибуллахуҷаевич дар Павилони Осиёи Марказӣ дар  шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ суҳбат оростанд. Қурбонзода Абдулло бо ҳамтои узбекаш, масъалаҳои ҷиддиеро дар соҳаҳои обуҳавошиносӣ тайёр кардани кадрҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа сӯҳбат карданд. Яке аз масъалаҳои муҳим, зиёд намудани  мутахассисони Агентӣ барои такмил додани ихтисос ва зиёд намудани мутахассисони соҳа барои сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. 

Инчунин санаи 10 ноябри соли 2021 дар Павилони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода бо муовини  директори Ташкилоти умумичаҳонии обуҳавошиносӣ (ВМО) Елена Манаенкова, ки дар Павилони Осиёи Марказӣ аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ даъват шуда буд,  ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ ва Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (ВМО) мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Директори Агентӣ Қурбонзода Абдулло дар оғози сӯҳбат хонум Елена Манаенковаро ба Павилони Осиёи Марказӣ хайрамақдам гуфта, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тағйирёбии иқлим, об, яхшиносӣ ва обуҳавошиносиро муҳокима намуданд. Дар охири суҳбат директори Агентӣ Абдулло Қурбонзода хонум Елена Манаенковаро ба Тоҷикистон даъват намуданд.

 Санаи 10 ноябри соли 2021 дар Павилони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода бо сафир оид ба тағйирёбии иқлим ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Ян Уолберг  суҳбат оростанд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои лоиҳаи метеорологӣ байни Финландия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Зимни мулоқот аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ муроҷиат карда шуд, ки 3-юм марҳиларо (фаза) дар ин бахш зудтар оғоз намоянд.

Дар раванди Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-26), Музаффар Шодмонов ҳисоботи 1-уми биенали Тоҷикистонро (TAJIKISTAN’S 1ST BIENNIAL UPDATE REPORT) муаррифӣ намуд.

 Инчунин Стратегияи миллии мутобиқшавӣ оид ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 дар конфронси мазкур аз тарафи Саттор Саидов муррифӣ карда шуд.  

Новости