Кадастри ҳавзаҳои селфаро дар минтақаҳои Тоҷикистон

Кадастри ҳавзаҳои селфаро дар минтақаҳои Тоҷикистон

Оид ба таърихи таъбу нашри

 "Кадастри ҳавзаҳои селфаро дар минтақаҳои Тоҷикистон"

 

Омӯзиши зуҳуроти сел дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман аз соли 1956 ҳангоми таъсис ёфтани шӯъбаи гидрографӣ (ГГП) дар Агентии обуҳавошиносӣ шурӯъ шудааст. Ҳамзамон, дар шӯъбаи обсанҷӣ ба вазифаи муҳандиси обсанҷ омӯзиш ва пешгӯии равандҳои сел вогузор карда шуда буд. Соли 1969 дар шӯъбаи ГГП гурӯҳи омӯзиши селҳо ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он муҳандиси калон, ду муҳандис ва чор кормандони техникӣ ҷамъулҷамъ 7 нафар корманд шомил буданд. Барномаи омӯзиши селҳо бо мурури замон васеъ карда, зарурати мушоҳида, омӯхтан ва пешгӯии зуҳуроти сел дар Тоҷикистон хеле ташвишовар буд. Хусусияти релеф, миқдори боришот дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба ташаккули равандҳои сел дар минтақаҳои кӯҳӣ ва водӣ мусоидат менамоянд. Дар ҷумҳурӣ зуҳуроти сел хусусияти гуногун дорад ва дар ҷараёни селҳо ҳаммаи намуди селҳо дохил мешаванд, аз он ҷумла об, обовардҳо, лой, сангу лой, селҳои сагу лойӣ ва ғайраҳо. Бо рушди азхудкунии минтақаҳои кӯҳӣ ва водӣ хавфи равандҳои харобиовар, ки аксар вақт хусусияти фалокатовар доранд, афзуда истодаанд. Селҳо қариб ногаҳон ба амал меоянд ва бо суръати тез дар соҳилҳои дарёҳо ва рӯдҳо ҳаракат карда, миқдори зиёди маводи  шусташавандаи ҷинсҳои кӯҳии шикасташуда ва ё аз омехта бо обро дар бар мегиранд. Ин ҷараёнҳо дар муддати кӯтоҳ кӯпрукҳо, нерӯгоҳҳои барқи обии кӯҳӣ ва роҳҳоро вайрон карда, каналҳо, заминҳои кишт ва дигар заминҳои обёришавандаро бо обовардҳои худ пур мекунанд. Онҳо ба нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла шаҳрҳои калонро таҳдид карда, аксар вақт сабаби селфароӣ ба талафоти ҷонӣ ва зарари иқтисодӣ оварда мерасонад.

Вазифаи шӯъбаи омӯзиши сел аз пайгирии селҳои гузашта буд, ки фавран пас аз ба вуҷуд омадани сел мушоҳида мегардид. Дар як қатор минтақаҳои хатарноки селфаро минтақаҳои намояндагӣ (репрезентивӣ) интихоб карда шуда, қитъаҳое муайян карда мешуданд, ки дар онҳо қитъаҳои селфаро бо ёрии асбобҳои геодезӣ таҳқиқ шуда, ғафсии қабатҳои сел, сатҳ ва суръати он ва дигар хусусиятҳои он ҳисоб карда мешуд. Ҳамарӯза дар фаслҳои баҳор ва тобистон ҳангоми боридани боронҳои шиддатнок, огоҳӣ дар бораи эҳтимолияти ба вуҷуд омадани зуҳуроти сел пешгӯӣ карда мешуд. Ин пешгӯиҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо ба монанди вазоратҳои энергетика, кишоварзӣ,  мелиоратсия, Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва ғайраҳо расонида мешуданд. Дар асоси натиҷаҳои корҳо вобаста ба селфароӣ ҳисоботи техникӣ тартиб дода мешуд, ки дар он параметрҳои сел, маълумоти обуҳавосанҷӣ ва обсанҷӣ, инчунин маълумоти ҳисобшуда дар бораи шароити ташаккул ва динамикаи ҷараёни сел ворид карда мешуданд. Эҳтимолияти хатари сел барои минтақаҳои аҳолинишин, ки дар минтақаи селфаро ҷойгиранд ба инобат гирифта мешуд. Бо супориши ташкилотҳои сохтмонӣ кормандони шӯъбаи омӯзиши сел дар минтақаҳои кӯҳӣ минтақаҳои кӯҳиро бо эҳтимоли хатари сел таҳқиқ менамуданд. Ҳамин тавр, мавзеъҳои Маҷмааи осоишгоҳи Хоҷа-Обигарм, партовгоҳҳо дар минтақаи ноҳияи Панҷикент, минтақаҳои бунёди истироҳатгоҳҳои кӯдакона ва дигар мавзеъҳо аз назар гузаронида мешуданд. Аллакай дар солҳои ҳафтодум ва ҳаштодуми асри ХХ маводҳои хеле назарраси пайдоиши зуҳуроти селҳо ҷамъ оварда шуданд ва зарурати ба низом даровардани тамоми маълумоти ба даст омада, барои таъбу нашри "Кадастри ҳавзаҳои селфаро дар минтақаҳои Тоҷикистон" шароит ба миён омад. Соли 1984 кормандони шӯъбаи омӯзиши селҳои ГГП “Кадастри селҳои ҳавзаи дарёи Кофирниҳон” -ро нашр намуданд. Кор барои тартиб додани кадастри ҳавзаҳои боқимонда оғоз ёфт, аммо бо як қатор сабабҳои объективӣ ин кор боздошта шуд. Аммо мушоҳидаҳо дар бораи сел ва пешгӯиҳо идома ёфтанд. Мувофиқи нақшаи кории Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (ТУО) дар давраи солҳои 2010 - 2020 Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд корҳоро оид ба ташкили “Кадастри ягонаи сел” бо истифодаи маводи бойгонӣ ва маълумоти муосир анҷом диҳад. Кормандони Маркази яхшиносӣ (вориси собиқ гидрографӣ) Кадастри болозикрро саривақт тартиб доданд. Маводҳои "Кадастри ҳавзаҳои селфаро дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар намуди матн, ҷадвалҳо дар бораи ҳамаи ҳавзаҳо ва манбаҳои имконпазир ва мавзеъҳои гузаштани селҳо ҷамъ оварда шуданд.

Дар "Кадастри ҳавзаҳои селфаро дар минтақаҳои Тоҷикистон" харитаҳои минтақаҳои селфаро, инчунин аксҳои гузариши селҳо пешниҳод карда шудаанд. Маводҳои кадастриро обсанҷҳо, муҳандисони гидротехникӣ, муҳандис-лоиҳакашон ва коршиносони соҳавӣ барои сохтмони иншооти хоҷагии халқ, азхудкунии манотиқи кӯҳистон, кашидани хатҳои барқ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ истифода бурда метавонанд.

Дар "Кадастр”-и мазкур инчунин харитаҳо, нақшаҳои минтақаҳои селфаро ва аксҳои сел нишон дода шудаанд.

Пиров А.У.

Новости