Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва Рӯзи ҷаҳонии об

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал

«Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва Рӯзи ҷаҳонии об 

Имрӯзҳо об ва ҳифзи пиряхҳо яке аз масъалаҳои глобалӣ дар сайёраи Замин мебошад. Ҳарду сарватҳои табиӣ таҳти таъсири тағйирёбии иқлим қарор доранд, ки боиси баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва зиёд шудани офатҳои табиӣ мегардад. Эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор” иқдоми глобалии мақсаднок мебошад.

Санаи 31 марти соли 2021 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва Рӯзи ҷаҳонии об гузаронида шуд.

Дар конфронси мазкур намояндагон аз Агентии обуҳавошиносӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз шарикони рушд Барномаи Рушди СММ, Ташкилоти озуқавории кишоварзӣ, Оҷонсии Ағохон оид ба макони зист, САҲА ва дигар иштирокчиён ширкат варзиданд.

Конференсияи илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва Рӯзи ҷаҳонии об бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А.М. оғоз гардид. Сипас Директори Агентии обуҳавошиносӣ Дӯстзода Д.С. дар бораи мониторинги бисёрсолаи пиряхҳои Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Иштирокчиён дар рафти конфронси марбут ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни конфронс эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо мавриди барассӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён муҳокимаи кушод гузаронида, оид ба рӯнамоҳои (презентация) пешниҳодгардида саволу ҷавоб роҳандозӣ гардид.

Новости