Корҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён дар кӯли Искандаркӯл ва пиряхи ГГП -и ҳавзаи дарёи Зарафшон

Корҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён дар кӯли Искандаркӯл ва пиряхи ГГП -и ҳавзаи дарёи Зарафшон

Корҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён дар кӯли Искандаркӯл ва пиряхи ГГП -и ҳавзаи дарёи Зарафшон 

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 2.4-и “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” ва нақшаи кории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Лоиҳаи “Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи “С” таърихи 1 то 5 июни соли 2021 дар кӯли Искандаркӯл ва дар пиряхи ГГП (Гидрографическая партия)-и ҳавзаи дарёи Зарафшон корҳои омӯзишӣ бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёни соҳа дар самти иқлимшиносӣ, обуҳавошиносӣ, обшиносӣ ва яхшиносӣ мебошад.

Дар рӯзи аввал донишҷӯён аз Стансияи обуҳавосанҷии Искандаркӯли Агентии обуҳавошиносӣ дидан намуда, аз таърихи ташкилшавии стансияи мазкур огоҳӣ ёфтанд. Стансияи обуҳавосанҷии Искандаркӯл соли 1929 дар соҳили кӯли Искандаркӯл ташкил шуда, дар баландии 2204м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар он ҳамарӯза равандҳои обуҳавошиносӣ мушоҳида мегарданд. 

Шиносоӣ бо стансияи худкори Искандаркӯл

Кӯли Искандаркӯл 

Барои беҳтар муайян кардани вазъи иқлимии ҳавзаи ҷойгиршавии пиряхи ГГП (Гидрографическая партия)-и ҳавзаи дарёи Зарафшон соли 2018 аз тарафти мутахассисони Агентӣ дар назди пиряхи мазкур Стансияи худкор насб гардидааст, ки барои сабт намудани равандҳои обуҳавошиносӣ хизмат мекунад. Тибқи нақша бо донишҷӯён дар назди стансияи мазкур корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар рафти омӯзиш ба донишҷӯён оиди равандҳои бақайдгирии маълумотҳои стансияи худкор аз қабили ҳарорат, намнокии ҳаво, боришот, нурафкании офтоб ва ғайра маълумот дода шуд.

Омӯзиши равандҳои фаъолияти стансияи худкор дар назди пиряхи ГГП

Ҳангоми гузаронидани корҳои омӯзишӣ дар пиряхи ГГП аз тарафи мутахассисон ба донишҷӯён оиди ҷойгиршавии пирях, тарзи ғизогирӣ ва обшавии пирях маълумоти мухтасар дода шуд.

Омўзиши қабати барф 

Ҳамзамон ба донишҷӯён оиди функсияҳои таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин (дрон) ва усулҳои истифодабарии он дар пирях маълумоти мухтасар дода шуд. Гузаронидани чунин намуди чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёни соҳа дар самтҳои иқлимшиносӣ, обуҳавошиносӣ, обшиносӣ ва яхшиносӣ боиси дастгирӣ буда, дар омода намудани мутахассисони соҳавӣ нақши муҳимро мебозад. 

Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Новости