Корҳои санҷишӣ ва таъмирӣ дар стансияи обуҳавосанҷии Айвоҷи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон

Корҳои санҷишӣ ва таъмирӣ дар стансияи обуҳавосанҷии Айвоҷи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон

Аз 22 то 26 июни соли 2020 тибқи фармони Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 48 аз 19 июни соли 2020, санҷиши фаъолияти обуҳавосанҷии Айвоҷ ва насби як истгоҳи худкори гидрологӣ дар дарёи Амударё гузаронида шуд. Дар корҳои санҷишӣ ва таъмирии мазкур муовини директори Агентӣ  ва мутахассисони сохторӣ иштирок намуданд.

      Дар рафти сафар маълум гардид, ки нуқтаи обсанҷии Айвоҷ тайи солҳои 2017-2020 аз фаъолият монда, маълумотҳои соҳавӣ саривақтӣ ба Агентӣ ирсол намегарданд.

     Дар навбати аввал бетонрезии таҳкурсии он амалӣ гардида, панҷараҳои гирду атрофи стансияи худкор таъмир гардида, кашидани ноқили радар,тросси стансия ва таҷҳизотҳои худкор насб карда шуда, нуқтаи обсанҷии Айвоҷ ба кор оғоз намуд.

 



 

  

Расми 2. Рафти корҳои таъмирӣ дар стансияи обуҳавосаҷии Айвоҷ.

Сарчашма : Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Новости