Кумаки хайриявӣ аз номи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агентии обуҳавошиносӣ

Кумаки хайриявӣ аз номи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агентии обуҳавошиносӣ

Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.

Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.

Дар арафи ҷашни Иди шарифи Рамазон аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба кормандони Агентии обуҳавошиносӣ кумаки хайриявӣ расонида шуд. Кумаки мазкур иборат аз орд, равған ва шакар иборат буда, ба 60 нафар кормандони ниёзманди Агентӣ пешниҳод гардид.

 

Новости