Курси омўзишӣ оиди омўзиш ва истифодабарии дастгоҳи MODSNOW–Tool

Курси омўзишӣ оиди омўзиш ва истифодабарии дастгоҳи  MODSNOW–Tool

Рўзҳои 28 то 31 январи соли 2019 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба Барномаи Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши оқибатҳои иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) курси омўзишӣ оид ба омўзиш ва истифодаи дастгоҳи MODSNOW –Tool гузаронида шуд.

Дар курси омўзишии мазкур мутахассисони шуъбаҳои обшиносӣ, яхшиносӣ ва њавошиносии Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.

Курси омўзишии мазкур давоми барномаи оғозшудаи таълимӣ оид ба моделсозии обшиносӣ буда, аз ҷониби доктор Аброр Ғафуров - муҳаққиқи Донишкадаи омўзиши геофизикаи Потсдам ва мураббї-коршиносони байналмилалӣ гузаронида шуд.

 

Новости