Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 8 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.

Маҷлисро Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ кушода, тамоми коллективи меҳнатиро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуд. Қурбонзода А.Ҳ. оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда чунин қайд намуданд:- Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол беназири буда, мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.

   Сипас муовинони Директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ. ва Шерализода Н.Ш. баромад намуда оид ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар сухан намуданд. Номбурдагон қайд намуданд, ки дар даврони 30 соли мустақилияти ҷумҳурӣ соҳаи обуҳавошиносӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардидааст. Шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар сӣ соли охир ба тағйиротҳои назаррас дучор гардида, сатҳи пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ нисбат ба солҳои гузашта 10 то 15% зиёд гардида, стансия ва дидбонгоҳҳои обсанҷӣ зина ба зина барқарор гардида истодаанд. Истифодаи шабакаи интернетии баландсуръат, ки Агентии обуҳавошиносӣ ба он васл шудааст, имконият дод, ки сифату эътимоднокӣ ва суръати қабулу интиқоли маълумоти обуҳавосанҷиро беҳтар намояд.

Дар охири ҷаласа як қатор кормандон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ аз тарафи роҳбарияти Агентӣ бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба 70 нафар кормандони Агентӣ аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А.  кумаки яквақтаина (маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған ва шакар) расонида шуд.

Новости