Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

           Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини  директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ.А. кушода, аҳли коллективи меҳантиро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуд. Байдуллоева Ҷ. дар баромади худ чунин қайд намуд:- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори аввал 22 июли соли 1989 ва бори  дуввум 5 октяби соли 2009 таҳти №553 қабул гардидааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиёти миллӣ истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст.Чун забон рукни асосии миллат ва давлат аст, аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

         Сипас  Муовини директори Агентӣ Шерализода Н.Ш., Раиси занони Агентӣ Қаҳорова М, и.в. сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Давлатова М. ва сардори шуъбаи обшиносӣ Ҳамидов В. баромад намуда, дар бораи гиромидошти забони модарӣ ва риояи қоидаҳои имлоии он дар коргузорӣ сухан намуданд.

Дар охири ҷаласа Муовини директори Агентӣ Байдуллоева  Ҷ. баромад намуда, бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро бо Иди забон табрик гуфта, барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ, инчунин риояи тамоми талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бурдбориҳоро таманно намуд.


 

Новости