Маросими кушодашавии Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ

Маросими кушодашавии Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ

Маросими кушодашавии Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ бо иштироки Директори Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ-Валбурга Рус, Директори иҷроияи Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳадӣ Ҳусанӣ ва дигар меҳмонони расмӣ аз сохторҳои дахлдор анҷом ёфт.

Дар оғози ҷамъомад Директори Агентӣ Расулзода Ҳ.Ҳ. баромад намуда, ҳозиринро хайрамақдам намуда, қайд намуд, ки ҳадафи “Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ” ин аз фароҳам овардани фазо барои арзёбӣ ва таҳлили маълумотҳои обуҳавошиносӣ, ки барои ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ, маблағгузорон, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва дигар муҳаққиқон ё коршиносони марбут дастрас мебошад.

Бинобар ин, ифтитоҳи инфрасохтори фазои маълумот «Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ» аз иқдомҳоест, ки барои мубодилаи саривақтии маълумот, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ҳам бо ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҳам бо шарикони рушде, ки барои сармоягузории лоиҳаҳои гуногун маблағгузорӣ менамоянд,  мусоидат менамояд.

Чуноне ки маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи Маркази кушода аллакай мавҷуд аст. Дар самти обуҳавошиносӣ таҳия намудани маълумотҳои саривақтӣ ва дастрас гардонидани онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотрасонии мамлакат, аз ҷумла Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ ҳавасмандӣ ва ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мубодилаи иттилоот ва маълумот барои пешрафти корҳо ва устувор намудани шабакаи иттилоотрасонӣ дар тақвияти ҳамкориҳои судманди мо кумаки калон мерасонад.

Сипас Директори Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Валбурга Рус баромад намуда, муҳтавои кушодашавии Маркази номбурдаро ба иштирокчиён шарҳу эзоҳ дод.

Директори иҷроияи Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳадӣ Ҳусанӣ баромад намуда, чунин қайд намуд:-  Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ ҳамчун як воситаи кории муштарак барои мубодилаи каталогҳои хавфу хатар ва арзёбии онҳо, ки аз ҷониби ташкилотҳо дар саросари Тоҷикистон гузаронида шудаанд, инчунин махзани маълумот барои нигоҳ доштани ин маълумот барои наслҳои оянда амал мекунад.

Дар охири ҷамъомад иштирокчиён бо фазои корӣ ва иншооти Маркази идоракунии инфрасохтори иттилоотӣ-фазоӣ аз наздик шинос шуданд.

Новости