МЕҲРГОН - ҶАШНИ ҲОСИЛҒУНДОРӢ-ҶАШНИ ДЕҲҚОН

МЕҲРГОН - ҶАШНИ ҲОСИЛҒУНДОРӢ-ҶАШНИ ДЕҲҚОН

Ҷашни “Меҳргон” яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардумии мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи кишоварзон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакати азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум ҷашн гирифта мешаванд.

 Бахшида ба Ҷашни “Меҳргон” санаи 17 октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ҷамъ омадаву, идро ботантана ҷашн гирифтанд. Ба маърази тамошои иштирокчиёни ҷашн амсилаҳои гуногуни табиати биҳиштосои кишварамон, китоб ва буклетҳо аз фаъолияти ҳаррӯзаи Агентии обуҳавошиносӣ гузошта шуданд.

Новости