Мушоҳидаи нуқтаҳои хавфи тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Мушоҳидаи нуқтаҳои хавфи тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (қитъаи 48  - 71 км Ҳушёрӣ - Майхура

Санаи 6 январи соли 2020 аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар километрҳои 48–71-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (Ҳушёрӣ - Майхура)   ҷиҳати муайян намудани минтақаҳои хавфноки  тармафаро мушоҳидаҳо бо усули айёнӣ ва бо истифода аз таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин (ДРОН) гузаронида шуд. 

Санҷишҳо нишон доданд, ки ғафсии қабати барф аз километри 44-и шоҳроҳ сарчашма гирифтааст. Баландии қабати барф дар нишебиҳо 25-30см-ро ташкил намуда, барфи ташаккулёфта барои фаромадани тармаҳо дар натиҷаи боришоти зиёди барфи нав мусоидат карда метавонад. Баландии ин минтақа аз сатҳи баҳр 1480 метр мебошад ва минтақаи ташакулёбии тарма  дар баландии 1900-2300м ҷойгир аст. Мувофиқи маълумоти ҳисобшуда баландии қабати барф дар ин минтақа вобаста аз дараҷаи ҳаракати шамол аз 120 то 140 см мерасад. Сохтори барф миёнаи сердона аст. Зичии барф ба 0,25 - 0,27 г/см3 расида, каме намнок мебошад. Қувваи часпандагӣ нисбатан баланд аст, ки дар нишебиҳо метавонад массаи зиёди барфро нигоҳ дорад.

 

Ҳангоми ба самти болооби дарёи Варзоб рафтан дар километрҳои 48-50-и ин шоҳроҳ баландии қабати барф вобаста ба ҳаракати  шамол ва нишебиҳо аз 45 то 60 см зиёд мешавад. Барф ковок ва каме намнок буда, зичии барф 0,25 – 0,27 г/сммерасид. Дар ҷараёни мушоҳидаҳо бориши барф шиддат гирифт, ки дурии биниш кам гашт ва ин вазъият имкон надод, ки миқдори барфро дар минтақаи ташакулёбии тарма  муайян намоем. Аммо, бо назардошти шиддатнокии бориши барф, ки ба 1,3 мм/соат  мерасид, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки  барои ноил шудан ба дараҷаи баландтарини ҷамъшавии барф барои мусоидат намудан ба тармафароӣ ҳадди аққал 10-12 соат лозим аст.

Қитъаи 50-55-уми километри шоҳроҳ. Баландии қабати барф дар нишебиҳои водӣ ҷойдошта 70-80 см буда,  зичии барф  0,27 - 0,28г/см3 –ро ташкил медиҳад. Сохтори қабати барф: барфи болои замин миёнаи сердона, қабати болоӣ – фишурда ва барфи навборида аст. Зичии барфи нав борида 0,15-0,17г/см3 мебошад. Яъне бо миқдори кофии боришот то 20мм аз барфи навборида боиси фаромадани тармаҳо шуда метавонад.

Қитъаи 55-65-уми километри шоҳроҳ дар соҳили дарёи Ҳушёрӣ мавзеи  Кабутӣ - Зиддӣ.  Ин мавзеъ дар баландии 1850-2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Баландии қабати барф 120-140 см буда, сохтори барф миёнаи сердона ва фишурдашуда мебошад. Зичии барф 0,27-0,29 г/см3-ро ташкил медиҳад.

Дар минтақаи нуқтаи барфутармасанҷии Майхура-3 (Снего-лавинная станция) санаи 04.01.2020 сол тармаҳои азим ба қайд гирифта шуд. Теъдоди тармаҳо 30 ададро ташкил медиҳанд. Тармаҳо намуди новагӣ (лотковый) буда, дар баландиҳои 2600-2900метр аз сатҳи баҳр ташаккул ёфта, то ба қаъри водӣ расидаанд. Дар деҳаи Зиддӣ сутунҳои хати барқ ​​вайрон шуда, бинои истиқоматӣ қисман хароб шудаанд. Се сокини маҳаллӣ зери яке аз тармаҳо монда, онҳо тавонистанд аз зери  тарма худашон бароянд. Тибқи маълумоти ҳисобшуда баландии қабати барф дар минтақаи ташакулёбии тарма 160-170 см ва зичии он 0,27г/см3 буд. Барои пайдоиши тарма асосан массаи зиёди  барф ва қувваи ками часпандагӣ сабаб гардидааст.

Тибқи маълумотҳо ҳаҷми тармаҳо аз 80-150 м3 то 400 - 600 м3 ва зиёда аз он буда, зичии нокифояи барф боиси кам гардидани оқибатҳои харобиовар гардид.

Қитъаи 65-73-юми километри шоҳроҳ. Ин минтақа дар баландии 2300-2600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, пурра бо қабати барф пўшида шудааст. Дар рафти мушоҳида барф борида, шиддатнокии он 0,8-1мм/соатро ташкил намуд. Аз сабаби абрнокӣ ва шиддатёбии боришот, барои муайян намудани минтақаҳои ҷамъшавии барф, ки боиси фаромадани тарма мегардад, мушкилиҳо пеш овард. Бо вуҷуди ин, хавфи тармафароӣ боқӣ мемонад. Баландии барф дар ин минтақа аз 80 то 90 см ва зичии барф 0,28-0,30г/см3 –ро ташкил намуд. Сохтори барф аз миёнаи сердона, хурди сердона ва шамоловарда таркиб ёфтааст. Аз сабаби интиқоли барф ба воситаи шамол дар ин минтақа фаромадани тармаҳои бўронӣ имконпазир аст. Хусусиятҳои мустаҳкамии қабати барфи рўизаминӣ барои пайдоиши тармаҳои аз барфи навборида, ки зичии ками барф, яъне 0,18-0,20 г/см3, паст будани ҳарорати ҳаво 4-60 ва суръати шамол 7-8 м/с сабаб мегарданд.

Хулоса:

Дар қитъаи роҳи 48-71-уми шоҳроҳ барои фаромадани тармаҳои зиёд имкони зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ин пеш аз ҳама ба боришоти шадиди барф, ҳарорати пасти ҳаво ва зичии ками барф вобаста аст, ки дар онҳо қувваи часпандагӣ (сцепления) вуҷуд надорад.

Санаи 15 январи соли 2020 мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ якҷоя бо намояндаи Кумитаи ҳолатҳо фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар километрҳои 48–71-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (Ҳушёрӣ - Майхура)   ҷиҳати муайян намудани минтақаҳои хавфноки  тармафаро мушоҳидаҳоро бо усули айёнӣ ва бо истифода аз таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин (ДРОН) амалӣ намуданд. Дар рафти мушоҳидаҳо ҳаво софи беабр буда, ҳарорати ҳаво 80-100С хунук буд. Ҳангоми мушоҳидаҳо хавфи тармафароӣ вуҷуд надошт. Тармаҳо ҳангоми бориши барфи санаи 13 январи соли 2020 фаромада буда, ҳаҷми онҳо аз 10 то 25 м3-ро ташкил медиҳад.

Қитъаи 44-уми километри шоҳроҳ. Баландии қабати барф дар баландии 1480 метр аз сатҳи баҳр дар нишебиҳо 35-38 см-ро ташкил намуда, зичии он 0,26 - 0,27 г/см3 буда, намуди он хушки миёнаи сердона  аст.

Қитъаи 48 – 50-уми километри шоҳроҳ. Баландии барф дар нишебиҳо 48-54 см-ро ташкил намуда, барф хушк ва зичии он 0,26-0,27 г/см3-ро ташкил медиҳад.

Қитъаи 50–55-уми километри шоҳроҳ. Баландии барф 75-80 см ва  зичии он 0,27 г/см3-ро ташкил медиҳад. Барф миёнаи сердона буда, қабати болоии он фишурдашуда ва зичии  он 0,18 г/см3 мебошад.

Қитъаи 55–65-уми километри шоҳроҳ. Баландӣ аз сатҳи баҳр 1850-2000 метр буда, баландии қабати барф 125-145 см мебошад. Зичии барф 0,26 - 0,27 г/см3-ро ташкил медиҳад.

Қитъаи 65–73-юми километри шоҳроҳ. Баландӣ аз сатҳи баҳр 2300- 2600 метр буда, баландии қабати барф аз 90 см то 100 см ва зичии он 0,27-0,28 г/см3 аст. Сохтори барф миёнаи сердона буда, зиччии сатҳи болоии барф 0,18 г/см3 –ро ташкил дода, хусусиятҳои часпандагии барф кам  аст.

Қитъаи 79–81-уми километри шоҳроҳ (баъд аз нақб). Баландии қабати барф аз 90 см то 100 см ва зичии он 0,28-0,29 г/см3 аст. Сохтори барф миёнаи сердона буда, зиччии сатҳи барф 0,18 г/см3 –ро ташкил медиҳад. Ба болои долони зиддитармавии давраи шўравӣ  ҳангоми бориши барфи санаи 13 январи соли 2020  фаромадани тармаи ҳаҷман миёна ба қайд гирифта шуд, ки ин боиси баста шудани шоҳроҳ гардида буд.

Хулоса:

Давраи мушоҳидаҳо дар қитъаҳои роҳи автомобилгард ҳавои соф, бидуни абр буда, ҳарорати ҳаво 80-100 хунук буд. Ин давра хавфи фаромадани тарма вуҷуд надошт. Аз сабаби пур будани майдони ташшакулёбии тармаҳо дар рўзҳои наздик боришоти бошиддати барф метавонад хавфи фаромадани тармаҳо гардад.

Аз аввали моҳи январ то ин ҷониб аз тарафи Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба огоҳии хавфи фаромадани тарма пешгўӣ карда шуд, ки давомнокии 11 рўзро дар бар гирифта, миқдори тармаҳои фаромада 41 ададро ташкил намуд.

Новости