Мушоҳидаҳои аэровизуалии кӯлҳои рахнашавандаи ҳавзаи дарёи Шинг – кӯлҳои Ҳафткӯл ва Марғузор

Мушоҳидаҳои аэровизуалии кӯлҳои рахнашавандаи ҳавзаи  дарёи Шинг – кӯлҳои Ҳафткӯл ва Марғузор

Санаи 28.09.2019 аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якҷоя бо мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушоҳидаҳои аэровизуалии кўлҳои рахнашавандаи Ҳафткўл ва Марғузори ҳавзаи дарёи Шинг гузаронида шуд.

 

Мақсади гузаронидани мушоҳидаҳо:

  - муайян намудани ҳолати сарбанди кўлҳои дар натиҷаи резиши сангпораҳо бавуҷудомада ва хатари дамидани маҷрои саргаҳи дарё;

 - муайян намудани таъсири ҷараёни селҳо ба сарбанди кўлҳо ва ҷараёни дарё. Хавфи обхезии муваққатӣ аз таъсири сели лоюсангин. Муайянкунии эҳтимолияти таъсири хавфи сел ба хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои нақлиётӣ, хати барқ ва ғайраҳо;

 - муайянкунии ҳолати пиряхҳо ва кўлҳои назди пиряхӣ ва эҳтимолияти сар задани селҳои пиряхӣ дар ҳолати кандашавии пирях ба ин кўлҳо

 

Хулоса

Мушоҳидаҳои аэровизуалии кўлҳои рахнашаванда нишон доданд, ки дар умум айни ҳол сарбандҳои кўлҳо мустаҳкам буда дар ҳолати хуб қарор доранд. Нишонаҳои вайроншавии сарбанд дар нуқтаи ҷоришавии забона дида намешаванд.

 

Новости