ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ КИШВАР

ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ КИШВАР

Санаи 30 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Осмони соф” дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Осмони соф” Расулзода Ҳ.Ҳ. баромад намуда, оиди баргузории Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Мавсуф қайд намуд, ки  26 декабри соли 2019 “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ” баргузор гардид. Роҳбари муаззами мо дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи сарфакоронаи об ва таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёра чунин ибрози ақида намуданд:-“ Дар ҳудуди Тоҷикистон дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё бо номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии пиряхҳо 6 %-и ҳудуди кишварро дар бар мегиранд.

            Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим пиряхҳо рў ба обшавӣ дошта, аз байн рафта истодаанд. Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷоя бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо, тадбирҳо андешида шаванд. Дар солҳои минбаъда паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд. Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.

Соли оянда раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Гузашта аз ин, боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътибор пайдо кардааст. Дар ин радиф, мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем”.

Дар тақвият ба гуфтаҳои боло мо кормандони соҳаи обуҳавошиносиро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин чорабиниҳои тақдирсоз чораҳои амалиро пеша намуда, барои пиёда намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, алалхусус дар самти обуҳавошиносӣ бо масъулияти дучанд фаъолият намоем.

Новости