Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Санаи 26 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми коллективи меҳнатӣ баргузори ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳиссси ватандӯству худогоҳӣ тамошо намуданд.

Роҳбари муаззами мо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёра чунин ибрози ақида намуданд:-“ Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад.

Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.

Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад.

Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. ”

Дар охири ҷамъомад Директори Агентӣ Дӯстзода Д.С. баромад намуда, қайд намуданд: - “Дар  тақвият ба гуфтаҳои боло мо кормандони соҳаи обуҳавошиносиро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани сиюмин солгарди истиқлолияти кишвар чораҳои амалиро пеша намуда, барои пиёда намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, алалхусус дар самти обуҳавошиносӣ ва тағйирёбии иқлим бо масъулияти дучанд фаъолият намоем. Моро лозим аст, ки барои амалӣ намудани иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, дучанд кӯшиш намуда, кишвари азизамонро ободу зебо гардонем.

Новости