ПРЕСС - РЕЛИЗ

ПРЕСС - РЕЛИЗ

                                                     

Семинари омӯзишӣ «Тақвияти иқтидор ва идоракунии захираҳои Агентии обуҳавошиносӣ»

 

        21 августи соли 2019 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тақвияти иқтидор ва идоракунии захираҳои Агентии обуҳавошиносӣ» баргузор гардид. Семинари омӯзишӣ дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносӣ ва Лоиҳаи давлатии сармоягузории “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (Маблағгузории иловагӣ) гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёгии Рушд ва Фонди Иқлими Сабз амалӣ гардида истодааст. Агентии иҷроияи Лоиҳа Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

       Мақсади лоиҳаи мазкур таҷдиди ҳуқуқӣ ва ташкилии сохтори амалкунандаи Агентии обуҳавошиносӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои системаи огоҳкунӣ ва пешгӯии вазъи фавқулоддаи обу ҳаво, маркетинги хизматрасониҳои даромадовар, баланд бардоштани малакаю дониш ва фароҳам овардани шароити хуби корбарӣ барои мутахассисони Агнетии обуҳавошиносӣ мебошад.

       Дар семинари мазкур мақсад ва вазифаҳои лоиҳа оид ба баланд бардоштани иқтидор ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ муаррифӣ карда шуданд. Дар кори семинар мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, Марказҳои минтақавии обуҳавошиносии Агентӣ, инчунин намояндаи Бонки Осиёгии Рушд, филиали Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Лоиҳаи Мукаммалсозии хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

      Дар рафти музокираҳо масъалаҳои беҳтар намудани системаи хизматрасониҳои пешгӯии обу ҳаво, баланд бардоштани иқтидори кадрии Агентӣ ва мубодилаи таҷриба, инчунин истифодабарӣ аз технологияҳои муосир баррасӣ гардиданд.

      Дар хотима иштирокчиён муҳимияти мавзӯъҳои дарҷгардидаро иброз намуда, ба баромадкунандагон ва маводҳои пешниҳодгардида баҳои баланд доданд. Роҳбарияти Агентӣ ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар навбати худ тазаккур доданд, ки ҳамаи пешниҳодҳои иштирокчиён ба инобат гирифта шуда, то ҳадди имкон дар рафти татбиқи лоиҳа баррасӣ мегарданд.

Расми 1: Презентатсияи М.Шодмонов барои шинос намудани иштирокчиён бо ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ"
              (Маблағгузории иловагӣ)

Расми 2: Презентатсияи Ҷ.Байдуллоева дар мавзӯи «Имкониятҳо, захираҳо ва иқтидори мавҷудаи Агентии обуҳавошиносӣ

Расми 3: Музокираҳо дар мавзӯъҳои ҷорӣ ва масъалаҳои баҳсталаби Агентӣ ва марказҳои минтақавии Агентии обуҳавошиносӣ

Новости