Рамазон - моҳи хайру баракат

Рамазон - моҳи хайру баракат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки: «Ҳадяву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад».

Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати инсонпарваронаи роҳбари муаззами кишвар дар арафи ҷашни Иди шарифи Рамазон аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба кормандони Агентии обуҳавошиносӣ кумаки хайриявӣ расонида шуд. Кумаки мазкур иборат аз орд, равған ва шакар иборат буда, ба 110 нафар кормандони ниёзманди Агентӣ пешниҳод карда шуд.

Новости