РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Санаи 4 июни соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ бахшида ба ҷашни “Рӯзи байналмилаии ҳифзи муҳити зист” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Дӯстзода Диловаршоҳ Саидаҳмад бо сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро хайрамақдам намуда, бо иди касбиашон табрик намуд.

Сипас  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон коллективи меҳнатиро табрик намуда, қайд намуданд, ки солҳои охир бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ рушд намуда истода, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Алалхусус дар фаъолияти Агентӣ солҳои охир бо дастрасии технологияи соҳавӣ ва санҷишгоҳҳои сайёр фоизнокии дурустии пешгӯиҳо баланд гардида, насби бештари стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ амалӣ гардида истодааст, ки ин аз рушди соҳа дарак медиҳад

Мо дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар арафаи ҷашн азм гирифтаем, ки бинои нави Агентиро ба истифода диҳем, ҳамзамон сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ барои кормандон низ дар нақша қарор дорад, ки ин низ самараи истиқлолияти кишварамон арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамин раванд барои меҳнати собитқадамона дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ 16 нафар мутахассисони варзида ва собиқадори Агентӣ бо “Нишони сарисинагии корманди фахрии ҳифзи муҳити зист”, ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносӣ сарфароз гардонида шуданд.  

Новости