Курси омўзишӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ташкил карда шуда, онро мутахассиси Маркази Аврупоии пешгўиҳои обуҳавои миёнафаврӣ Антонио Гарсия Мендес роҳандозӣ намуд. Ҳадафи асосии ин курси омўзишӣ асосан ба ҷанбаҳои обуњавошиносӣ: коркард ва истифодаи дурусти маҳсулотҳои иттилоотии шабакаи глобалї ва харитаҳои электронии Маркази обуҳавосанҷӣ равона карда шуда буд.