Семинар дар мавзӯи "Арзёбии омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи системаи MRV" лоиҳаи муштараки Агентии обуҳавошиносӣ ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) /Фонди Глобалии Экологӣ (ФГЭ)

Семинар дар мавзӯи

Санаи 26 августи соли 2019 семинар дар мавзӯи "Арзёбии омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи системаи MRV"-и лоиҳаи муштараки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ/ ФГЭ баргузор гардид.

            Дар семинари мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С.Н., Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Ҳ.Ҳ. намояндаи БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Н., намояндагони вазорату кумитаҳо дахлдор, Академияи илмҳо ва донишгоҳҳо, мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, Агентии мелиоратсия, Агентии хоҷагии ҷангал, коршиносони лоиҳа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

          Мувофиқи барномаи семинар ҳисоботи мушовири байналмилалӣ оид ба барӯйхатгириии партовҳои газҳои гармхонавӣ ва системаи MRV тибқи барномаи семинар ва мушовири маҳаллии лоиҳа оид ба системаи миллии мониторинг, ҳисобот ва санҷиш пешниҳод карда шуд.

              Аз ҷумла, дар баромади худ ҳамчун мушовири байналмилалӣ оид ба инвентаризатсияи партовҳои газҳои гармхонавӣ ва системаи MRV Виолета Христова системаи MRV-ро дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ба таври муфассал муаррифӣ намуд. Дар навбати худ Фирӯз Саидов ҳамчун мушовири маҳаллӣ оид ба системаи миллии мониторинг, гузоришдиҳӣ ва санҷиш баромад намуд. Баромади ӯ дар мавзӯи "Равандҳои ҷамъоварии маълумот барои таҳлили тағйирёбии иқлим дар бахшҳои калидии иқтисодиёт" бахшида шуда, раванд ва хусусиятҳои ҷамъоварии маълумотро дар соҳаҳои калидии иқтисодиёт, ба монанди энергетика, саноат, кишоварзӣ, истифодаи замин, хоҷагии ҷангал ва партовҳо баҳс менамуд.

          Намояндагони Агентии омор, Вазорати саноат, Академияи кишоварзӣ ва дигар иштирокчиёни семинар баромад намуда, тавсияҳоро оид ба ҳисоб кардани партовҳои газҳои гармхонавӣ пешниҳод намуданд. Директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳ.Ҳ. муфид будани мубоҳисаро барои тезонидани кор дар ин самт қайд намуданд.

Менеҷери лоиҳа оид ба "Омодасозии ҳисоботи якуми бисёрсола оид ба инвентаризатсияи газҳои гулхонавӣ ва Ахборотии чоруми миллӣ дар чаҳорчӯбаи Конвенсияи СММ оид ба тағирёбии иқлим" Миникулов Н. баромад намуда, дар бораи таъсиси Комиссияи корӣ оид ба системаи MRV маълумот дод.

Новости