Стратегияи Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) дар самти хизматрасонӣ ва нақшаи татбиқи он

Санаи 28 январи соли равон дар доираи лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҷузъи С” дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари муқаддимавӣ дар мавзӯи: «Стратегияи СУO дар соҳаи хизматрасонӣ ва нақшаи татбиқи он» баргузор гардид. Ташкилкунандаи чорабинии мазкур Ташкилоти ҷамъиятии «Умедбахш» мебошад.

Дар рафти семинар роҳбарият ва мутахассисони воҳидҳои сохтории  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Барномаи семинар ба таҳкими институтсионалӣ ва такмили системаи хизматрасонии Агентии обуҳавошиносӣ нигаронида шуда буд.

Новости