Таҳқиқи кӯлҳои рахнашаванда дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ.

Таҳқиқи кӯлҳои рахнашаванда дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ.

Рӯзҳои 20 сентябр то 27 сентябри соли 2019 дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раҳмонов Р. – сардори Маркази яхшиносӣ, Худододов Х. – сардори шӯъбаи гидрографӣ ва экспедитсионӣ, Назирзода К., Назиров Б. – мутахассиссони шӯъбаи пешгӯӣ, омӯзиш таҳқиқи кӯлҳои рахнашавандаи Пайрон ва Темурдара амалӣ гардонида шуд. Мақсади асосии ин омӯзиш ва таҳқиқ баҳо додани ҳолати кӯлҳои баландкӯҳ дар натиҷаи тағйирёбии умумии иқлим дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ ба шумор мерафт.

Кӯли Пайрон. Кӯл дар ҷараёни миёнаи дарёи Пайрон дар баландии 2123м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Майдони сатҳи кӯл ба 160 ҳазор м2 ва ҳаҷми он ба 173 ҳазор м3 мерасад.

                                                                                                                        Расми 1. Кӯли Пайрон.

Аз рӯи мушоҳидаҳо маълум шуд, ки ҳаҷми об аз меъёри муқаррарӣ кам шуда, сатҳи оби кӯл аз сатҳи баландтарин 2-2,5м поён шудааст. Аз ин рӯ, оби кӯл аз сатҳи нова паст шуда буд. 
Ҷоришавии об аз сабаби паст будани сатҳи об аз кӯл танҳо ба воситаи таровиш аз байни ковокиҳои сарбанд ба вуҷуд меояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мавсими тирамоҳ сарфи об назар ба ғизогирии он зиёд буда ба 1,2м3/с мерасад.
Дар сарбанди кӯл дарахтон ва растаниҳо мерӯянд, ки ин ба устувории сарбанд дар муддати дароз шаҳодат медиҳад.
Ҳарорати оби кӯл дар ҳудуди 10-110С буд. Дар атрофи кӯли Пайрон ва дарёи аз он ҷоришаванда нишонаҳои сел дида нашуданд.

Кӯли Темурдара. Кӯл дар ҷараёни миёнаи дарёи Қазноқ, ки шохаи чапи дарёи Қаратоғ мебошад, ҷойгир шудааст. Майдони сатҳи об ба 80 ҳазор м2, ҳаҷми об ба 720 ҳазор м3 баробар мебошад. Кӯл дар баландии 1986,3м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Расми 2. Кӯли Темурдара.

Ҷоришавии кӯл аз сатҳи болоии об ва қисми ками таровиш ба амал меояд. Дар мавриди таҳқиқот сатҳи оби кӯл аз 60–80см паст шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мавсими тирамоҳ сарфи об назар ба ғизогирии он зиёд буда ба 0.7м3/с мерасад. Ҳолати сарбанд устувор буда, хавфи рахнашавӣ вуҷуд надорад. Ҳарорати оби кӯл ба 12-130С мерасад. Дар атрофи кӯли Темурдара нишонаҳои сел дида нашуданд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо маълум шуд, ки айни ҳол, ҳолати кӯлҳо муътадил буда, кандашавии онҳо дар муҳлатҳои наздик дар назар дошта нашудааст. Сатҳи оби кӯлҳо дар давраи тирамоҳи соли ҷорӣ паст шудааст, аз ин рӯ, хатари сар задани сел дар атрофи кӯлҳо низ дида намешавад.

Новости