ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ҚУРБОНЗОДА АБДУЛЛО ҲАБИБУЛЛО БАХШИДА БА 23 МАЙ – РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ  ОБУҲАВОШИНОСӢ ҚУРБОНЗОДА АБДУЛЛО ҲАБИБУЛЛО БАХШИДА БА 23 МАЙ – РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола дар кишвари хуршедии мо – Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад ва ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад. Қабули ин санади муҳим барои тарбияи насли замони нав заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам овард.

Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон собит месозад, ки дар радифи тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад ва танҳо ин нерӯи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд. Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола аз 50 дарсад зиёд аст, ки ин аз мавҷудияти неруи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ёрӣ расонем.  Падарону модарон, агар дар масъалаи тарбия ва сатҳи саводнокии фарзандони хеш бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, ҷомеа ҳамон андоза рушд карда, неруи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилиҳо чӣ дар оила ва чӣ дар ҷомеа тадриҷан таназзул хоҳанд ёфт.

Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ифтихори миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

          Ҷавонони  арҷманд!

   Шумо ва дар симои Шумо тамоми ҷавонони ҷумҳуриро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо иқболи баланд ва комёбиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Новости