Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 9 май - «Рӯзи ғалаба»

Табрикоти  Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида  ба 9 май - «Рӯзи ғалаба»

Табрикоти

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида  ба 9 май - «Рӯзи ғалаба»

 

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. «Рӯзи ғалаба» ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеъона якҷоя бо халқу миллатҳои сулҳхоҳ оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин кардаанд.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Рўзи 9-уми майро мо ба ҳамаи онҳое, ки дар фаъолияти меҳнатиашон барои рушди иқтисодиёти кишвар ҳиссагузор мебошанд ва дар вазифаиҳои ишғолнамудаашон  содиқона хидмат мекунанд ва аз касби худ ифтихор мекунанд, таҳният менамоем.

Рушди соҳаҳои калидии иқтисодиёт, амнияти аҳолӣ ва беҳбудии иҷтимоии ҳамватанони мо аз салоҳият ва садоқатмандии кормандони  Агентии обуҳавошиносӣ вобаста аст. Ҳоло ҳам, дар шароити душвори эпидемиологӣ вируси- коронавирус  COVID-19, ки бо маҳдудиятҳо ва хатарҳо на танҳо ба Тоҷикистон, балки дар тамоми  ҷаҳон паҳн гардидааст, кормандони Агентии обуҳавошиносӣ вазифаҳои худро саривақт ва пурра дар саросари кишвари азизмон иҷро намуда истодаанд.

Ман бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён мехоҳам ба онҳое, ки дар Агентии обуҳавошиносӣ солҳои тӯлонӣ  кору фаъолият мекунанд ва  ба дараҷаи баланди касбӣ ноил шудаанд, ташаккур гӯям ва ба ҷавононе, ки ба ҳайати қариб 800 нафараи Агенти ба кор омадаанд ва дар касб аввалин қадамҳои худро гузоштаанд бурдбориҳо орзумандам.

Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки тамоми кӯшишҳо барои беҳтар кардани шароити меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон, зиёд кардани музди меҳнат, модернизатсияи шабакаҳои давлатӣ  равона карда шудаанд - то ин ки кори мо натиҷа бахшад, то ҳар яки мо аз натиҷаҳои кори худ боз ҳам ифтихор кунем.

Ҳамкасбони мӯҳтарам, барои саҳми бебаҳо дар кори умум, барои садоқатмандӣ ва дараҷаи баланди касбиятатон ташаккур мегӯям! Аз самими қалб ба шумо, ба  халқи сарбаланди Тоҷикистони азизам саломатии бардавом, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно мекунам!

Шуморо бо 75-умин  солгарди Рӯзи ғалаба дар  Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик менамоям! Бигзор дар Тоҷикистони азизи мо фазои сулҳу осоиштагӣ, истиқлолияту якдигарфаҳмӣ ва гулгулшукуфоӣ доимӣ бошад!

 

Директор Расулзода Ҳ.Ҳ.

Новости