Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии

Табрикоти   Директори Агентии обуҳавошиносии

Табрикоти 

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад бахшида ба 26 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 2020)

Муҳтарам кормандони

соҳаи ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ,

Шуморо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барору комёбиҳои беназир таманно дорам.

Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст.  

Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ карда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, қабл аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад.

Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб ёфта, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.

Бигзор истиқлолияти бадастовардаи халқи тоҷик абадан боқӣ монда шаъну шарафи миллати тоҷик дар ҷаҳон ном барорад ва сарбаландиву некномиҳои ҳар як фарди Тоҷикистонӣ дар синаҳои мардуми ориф хотираи дурахшонро таҷассум намояд. Албатта яке аз низоми давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи мо дар асоси рукнҳои он амал менамояд. Ҳама он санаду фармонҳо дар асоси Конститутсия аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешавад. Конститутсия ин «Шоҳсутун» ва «Шиноснома» -и давлат мебошад.

Чӣ хеле, ки аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд: - “...Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои мӯътабари ҳуқуқи байналмиллалӣ такя мекунад”.

Мо дар ҳамҷоягӣ ва пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу намуда, дар ҷодаи дӯстдории табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно дорем!

Новости