Таҷҳизоти замонавӣ барои ченкунии намнокӣ ва ҳарорати сатҳҳои гуногуни хок

Таҷҳизоти замонавӣ барои ченкунии

намнокӣ ва ҳарорати сатҳҳои гуногуни хок

 

             Дар доираи лоиҳаи  «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи С », барои стансияҳои агрометеорологии дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта, барои чен намудани намнокӣ ва ҳарорати сатҳҳои дилхоҳи гуногуни хок 33 адад асбобҳои дастии  “ProCheck” харидорӣ карда шуд.

Расми 1. Таҷҳизоти дастии ченкунии намӣ ва ҳарорати хок “ProCheck”

         Бо ёрии асоби мазкур дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидачӣ-агрометеорологҳо маълумотҳо оид ба намӣ ва ҳарорати хокро ба даст оварда, натиҷаи ҷамъбастшударо дар китобчаи махсуси агрометеорологӣ қайд менамоянд. Ҳамзамон маълумотҳои соҳавӣ дар асоси нишондиҳандаҳои даҳрӯза ҳар моҳ се маротиба ба Агентӣ дар намуди рамзҳои махсус равона карда мешаванд.

         Оид ба омўзиш ва истифодаи асбоби мазкур дар курси бозомўзии сардорони стансияҳои обуҳавосанҷии ВМКБ, ки  таърихи 5 то 7 августи соли ҷорӣ дар Агентӣ амалӣ гардид, корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Агентӣ ба нақша гирифтааст, ки омӯзиши боқимондаи мутахассисони шабакаҳои агрометеорологии ҷумҳуриро дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳи август ба роҳ монад.

  Асбоби мазкур барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани мушоҳидаҳои самти кишоварзӣ аҳамияти махсус дошта, ба мутахассисон имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳтарин нишондиҳандаҳои намӣ ва ҳарорати сатҳҳои гуногуни хокро босифат ба даст оранд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки оид ба тарзи истифодаи асбоби мазкур дар дастурамали  истифодабарии асбоб ва сомонаи Decagon: http:// www.decagon.сom /support/ downloads маълумот пайдо намудан мумкин аст.

Новости