Таҳкими иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд

Таҳкими иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд

Бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои Агентии обуҳавошиносӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд ва муайян намудани талабот ва эҳтиёҷоти онҳо ба маълумоти обуҳавошиносӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) 27 ноябри соли равон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, намояндагии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату ташкилотҳои ҷумњуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, Воситаҳои ахбори омма, шарикони рушд, мушовирони байналмилалӣ ва дигар сохторҳое, ки аз хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ истифода мебаранд, семинари машваратӣ баргузор гардид. Дар семинари машваратӣ мақсад ва вазифаҳои лоиҳа барои ҷонибҳои ҳавасманд муаррифӣ карда шуданд. Оид ба сохтори институтсионалӣ, системаи пешгўӣ ва идоракунии иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ, таҷрибаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркарди маълумот ва пешгўиҳои обуҳавошиносӣ, системаи мављудаи ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти обуҳавошиносӣ ва технологияи нави корбарӣ дар самти мазкур мутахассисон, коршиносон ва мушовирони баналмилалӣ баромад намуда, самтҳои афзалиятноки онҳоро муаррифӣ намуданд.

Новости