Ташрифи Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ба Агентии обуҳавошиносӣ

Ташрифи Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ба Агентии обуҳавошиносӣ

Санаи 6 июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ва дигар шахсон расмӣ аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он боздид намуданд. Профессор Петтери Тааласро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. ва коллективи Агентии обуҳавошиносӣ дар назди бинои Агентии обуҳавошиносӣ истиқбол гирифтанд.

 Дар доираи ин сафар Котиби генералии СУО ва гуруҳи меҳмонон аз Маркази обуҳавосанҷӣ, Студияи хурди метеорологӣ, Маркази автоматикии алоқа ва дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ дидан намуда, аз таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи обуҳавошиносӣ ва шароити кории фароҳамоварда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сипас дар маҷлисгоҳи Агентӣ вохӯрии васеъи меҳмонон бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ., ҳайати кормандони Агентӣ бо Котиби генералии СУО профессор Петтери Таалас ва ҳайати меҳмонон доир гардид, ки аз вохӯрӣ бо аҳли коллективи Агентии обуҳавошиносӣ ва муҷаҳҳаз гардидани Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас чунин ибрози ақида намуданд:- Бояд қайд намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим ва шароити номусоиди обу ҳаво осебпазир аст. Айни замон дар раванди тайирёбии иқлими Сайёра сохтори мазкур яке аз сохторҳои калидӣ ба шумор меравад, ки  фаъолияти он бевосита барои пешгирӣ намудани хавфи офатҳои табиӣ бо пешниҳоди огоҳиҳо аз сар задани хавфи офатҳои табиӣ, пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ равона гардидааст. Дирӯз мо аз кӯли Сарез ва пиряхҳои ҷумҳурӣ дидан намудем. Бо сабаби баланд шудани ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ обшавии пиряхҳои Тоҷикистон низ мушоҳида мешаванд, ки ин низ хеле нигаронкунанда аст.

Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони Агентӣ ба меҳмонон дар бораи усулҳои корӣ ва технологияи истифодашаванда маълумот доданд, ки аз ҷониби ҳайати меҳмонон сазовори баҳои баланд гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ ба ҳайати меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ бо мазмуни инъикосшавандаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик тақдим гардид. Дар ин раванд боздиди Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас аз дидбонгоҳ ва стансияҳои обуҳавошиносӣ роҳандозӣ гардид.

Новости