Тақвияти корҳои ободонӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти корҳои ободонӣ баҳри  сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади зебою сарсабз гардонидани муҳити зист ва мусоидат намудан ба фазои муҳити зисти кишвар рӯзҳои шанбе сохторҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, инчунин тозаю озода намудани гирду атрофи корхонаву маҳалли зист машғул мешаванд.

Рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар арафаи Иди ғалаба ва ҷашни сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлтии кишвар тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентии обуҳавошиносӣ ба шанбегии умумӣ баромаданд. Дар рафти шанбегӣ корҳои сафед ва нарм кардани бехи дарахтон, рӯбучини роҳравҳои пиёдагард ва атроф, тоза намудани ҷӯйбор ва дигар корҳо ба сомон расонида шуд.

Роҳбарияти Агентӣ азм гирифтааст, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъонаро доимӣ ташкил намуда, дар рушду нумӯ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми назарраси худро гузорад.

Аксҳо аз рафти шанбегӣ:

Новости