Тоҷикистон: Беҳсозии устувории иқлимї, бахши гидроэнергетикии Тоҷикистон - Таҳия ва рушди барномаи таълимии касбӣ - Ибтидоӣ ва марҳилавї

Тоҷикистон: Беҳсозии устувории иқлимї, бахши гидроэнергетикии Тоҷикистон - Таҳия ва рушди барномаи таълимии касбӣ - Ибтидоӣ ва марҳилавї

Санаи 14 феврали соли 2019 намояндагони Бонки Рушди Аврупо бо роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муњити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳа оиди мавзӯи «Рушди устувори иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гидроэнергетикӣ» вохурӣ гузарониданд.

        Дар вохўрӣ аз Агентии обуҳавошиносӣ Директор Расулзода Ҳомидҷони Ҳасан, муовинони директор Абудалимов Каримҷон Қуддусович, Олимов Суҳроб Амонуллоевич ва сардори шуъбаи Робитаҳои байналхалқӣ Умаров Фирӯз иштирок намуданд. Мақсади вохўрии мазкур такмили соҳаи иқлимшиносӣ дар самти гидроэнергетикӣ ва мубодилаи иттилоот байни намояндагони соња мебошад. Намояндагони ҳар ду тараф мақсаду маром, дастурамал дар бораи вазифаи техникї ва пешниҳодҳо оид ба омодагї ба марҳилаи дуюми лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар вохўрӣ қайд намуда шуд, ки Барномаи мазкур тариқи кўмаки молиявии Фонди Иқлими Сабз дар соҳаи энергетикаи кишвар вобаста ба маълумотҳои иқлимӣ мусоидат менамояд.

       Зимни вохўрӣ намояндагони Бонки Рушди Аврупо бо синфхонаи фосилавии Агентии Обуҳавошиносӣ шинос шуда, инчунин байни иштирокчиён оиди масъалањои обуњавосанљї саволу ҷавоб барпо гардид.

Новости