Вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам

Вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам

Санаи 29 июни соли 2022 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид, ки дар он сардорони воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.

Дар доираи ин вохӯрӣ директори Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам аз Маркази обуҳавосанҷӣ, Студияи хурди обуҳавошиносӣ, Маркази автоматикии алоқа ва дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ дидан намуданд.  

Дар интиҳои вохӯрии мазкур Ёддошти тафоҳум (Меморандум) байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тарафайн ба имзо расид.

Новости