Вохӯрии Гуруҳи идоракунӣ ва рушди маркетинг дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ)

         Санаи 17 августи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Гуруҳи идоракунӣ ва рушди маркетинг дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрии мазкур таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти маркетингии Агентӣ ва баррасии Стратегияи маркетинг, ки аз ҷониби Ширкати мушовирии байналмилалии “FCG”  омода гардида буд, роҳандозӣ шуда, дар рафти он сардорони сохторҳо ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

         Дар оғози вохӯрӣ сардори шуъбаи маркетинги Маркази автоматикии алоқаи Агентӣ бо рӯйнамо оид ба натиҷаҳои сафари хизматии мутахассисони Агентӣ ба Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Қазоқистон ва баррасии таҷрибаи кории ин хадамот баромад намуд.

         Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Стратегияи маркетинг, ки аз ҷониби Ширкати мушовирии байналмилалии “FCG” омода гардида буд, таҳлилу баррасии иштирокчиён қарор гирифта, байни иштирокчиён дар самти хизматрасонии маркетингӣ таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.

Новости