Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Сафоратхонаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Сафоратхонаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 26.09.2019 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо намояндаи Сафоратхонаи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Карин Гримм сардори шуъба оид ба корҳои фарҳанг ва илми Барномаи рушди лоиҳаҳои хурди Сафоратхонаи мазкур вохӯрӣ доир гардид. Дар раванди вохӯрӣ муайян карда шуд, ки бо ташаббуси Сафоратхонаи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-12 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе чорабинӣ дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим” ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар мактаббачагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд.  Мақсади чорабинии мазкур пешгирии ҳолатҳои экологӣ дар шаҳрҳои хурд ва калон, инчунин баланд бардоштани маърифати экологӣ дар байни мактаббачагон, донишҷӯён ва аҳолиро дар бар мегирад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур мутахассисони Агентӣ иштирок намуда, оид ба осебпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим маърӯза менамояд.

Агентии обуҳавошиносӣ дар оянда ҳамкориро бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр намуда, дар самти бурдани корҳои фаҳмондадеҳӣ байни мактаббачагон, донишҷӯён ва аҳолии кишвар корро пурзӯр менамояд.   

Новости