Вохӯрии роҳбарони хадамотҳои миллии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

11 декабри соли 2019

Санаи 11 декабри соли 2019 дар доираи чаҳорчӯбаи Иҷлосияи 25-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсияи  Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим (COP25), вохӯрии роҳбарони Росгидромет Игор Шумаков ва директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Ҳомидҷони Ҳасан  баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Директори Агентии обуҳавошиносӣ  Ҳ.Расулзода ба роҳбари Росидромет И.Шумаков муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки ба Агентӣ барои лоиҳаи “CLICOM” (Системаи идоракунии маълумотҳои иқлимӣ) ва модели “COSMO”, инчунин масъалаҳои марбут ба истифодабарии истгоҳҳои ҳавосанҷии дар шабакаи Росгидромед фаъолиятдошта кӯмаки машваратӣ расонад.

Дар ҷараёни мулоқот Ҳ.Расулзода ба таълим ва такмили ихтисоси довталабон ва мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Русия изҳори назар намуд.

Ғайр аз ин, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Расулзода  ба роҳбари Росгидромет И.Шумаков дар соли 2021 гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Пас аз мулоқот И.Шумаков ва Ҳ. Расулзода ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро байни Росидромет ва Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ва таҳким бахшанд. Имзои санадҳои дахлдори соҳавӣ дар нимаи аввали соли 2020 ба нақша гирифта шуд.

Новости