Вохӯрии сеюми сарони обуҳавошиносии Созмонии ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва курси омӯзишии дуюми Маниторинг ва пешгӯии хушксолӣ дар минтақаи Созмонии ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) аз 12 то 13 ноябри соли 2019, Ҷумҳурии Исломии Эрон

Аз таърихи 12 то 13 ноябри соли ҷорӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории  Созмонии ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)  ва Маркази обуҳавосаҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон вохӯрии сарони хадамотҳои обуҳавошиносӣ ва курси омўзишӣ дар мавзӯи “Мониторинг ва пешгўии хушксолӣ дар минтақаи Созмонии ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)” гузаронида шуд. Дар  вохӯрии сарони обуҳавошиносӣ ва курси омўзишии мазкур намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров М.Т. - муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ ва сардори шўъбаи агрометеорологӣ - Муминов А.О., иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Мақсади асосии вохўрии мазкур идора намудани хатарҳои офатҳои табиӣ, мониторинги огоҳнамоии пешакӣ ва идора намудани хатари офатҳои табиӣ  бо ҳиссагузории аъзоёни СҲИ буд.

Сарони Ҳайатҳо  рунамоҳои худро дар бораи сиёсати обуҳавошиносӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, фаъолият дар соҳаи мониторинги хушксолӣ  ва пешгӯиҳои мавсимӣ дар кишварҳои худ пешниҳод намуданд. Маркази Минтақавии СҲИ оид ба офатҳои табиӣ ва мониторинги хушксолӣ нақшаи дусолаи амалиёт барои вохӯриҳо ва курсҳои омӯзишии СҲИ-ро пешниҳод намуд.

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров М.- муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳамкориҳои самти пешгўиҳои мавсимӣ бо аъзоёни давлатҳои СҲИ махсусан пешгўии мавсимӣ ва ҳарорат дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон таваҷҷўҳ намуда, суханронӣ намуд.

Ҳайати иштирокчиён  пешниҳодҳои СҲИ-ро оиди нақшаи кории созмони мазкур дар солҳои 2020-2025 қобили қабул донистанд.

Аз тарафи иштирокчиён Нақшаи Маркази минтақавии СҲИ дар бораи мониторинги хатарҳои офатҳои табиӣ баррасӣ гардид.

Новости