Фактҳои обуҳаво

Обу ҳаво дар Душанбе

2 декабр, панҷшанбе
+19...+21°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
3 декабр, ҷумъа
+15...+17°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
4 декабр, шанбе
+12...+14°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас.
5 декабр, якшанбе
+12...+14°C
Ҳавои тағйирёбанда, Дар баъзе холатҳо борони суст
6 декабр, душанбе
+13...+15°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас., Туман

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

  Маросими ифтитоҳи бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ


Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 19 ноябри соли равон дар ноҳияи Сино бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Иншоот аз бинои асосии шашошёна, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар маҷмўъ 108 ҳуҷраҳои кориро дар бар мегирад. Барои фаъолияти пурсамари кормандон ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин аст. Мувофиқи лоиҳа дар таҳхонаи бинои асосӣ ҳуҷраҳои техникӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз Маркази обуҳавосанҷӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва Маркази омӯзиши ҳолати пиряхҳо дидан намуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ дуошёна буда, 20 утоқи корӣ дорад. Дар озмоишгоҳ таҷҳизоти замонавӣ барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбобҳои обуҳавосанҷӣ васл карда шудааст.

Дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як тарҳи зебо ва дорои ҳамаи шароити муосир ба як маркази бузурги иттилоотӣ ва хизматрасонии обуҳавошиносӣ табдил ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кормандони Агентии обуҳавошиносӣ таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо фароҳам гардидани шароити муосир, муҷаҳҳаз гардондани бинои нав бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳонӣ бояд кормандон фаъолияти пурсамар дошта бошанд, ҳамзамон омӯзиши ҳолати пиряхҳоро дар сатҳи лозима ба роҳ монда, оид ба вазъи обу ҳавои кишвар ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти дақиқу саривақтӣ пешниҳод намоянд.

Кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ҷавобан ба ин ғамхории Пешвои миллат миннатдорӣ баён намуда, талош менамоянд, ки то сатҳу сифати корбариро боз ҳам беҳтару хубтар намуда, дар самти саривақт ва босифату дақиқ расонидани маълумотҳои обуҳавошиносӣ ба ҷонибҳои ҳавасманд саҳми назаррас гузоранд.

Биноҳои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) бо сифати баланд сохта шуда, ба талаботҳои корбарии шабонарўзӣ мутобиқ гардонида шудаанд.

Дар рўзи ифтитоҳи бино Роҳбари дафтари минтақавии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон  Шенни Кемпбел аз бино ва утоқҳои корӣ боздид ба амал оварда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда шинос шуданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Шерализода ва Роҳбари дафтари минтақавии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шенни Кемпбел зимни вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносӣ иброз намуданд, ки бо ба истифода додани бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ барои рушди соҳа, саривақт ва дар сатҳу сифати баланд омода ва пешниҳод намудани маълумоти обуҳавошиносӣ ва маълумотҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим заминаи устувор ва шароити хуби корбарӣ муҳайё гардид.  

 

 

 

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +20...+22°C
Данғара +19...+21°C
Дарвоз +10...+12°C
Душанбе +18...+20°C
Кӯлоб +18...+20°C
Лахш +2...+4°C
Мурғоб -3...-1°C
Панҷакент +18...+20°C
Панҷ +18...+20°C
Рашт +10...+12°C
Ховалинг +19...+21°C
Хоруғ +7...+9°C
Хуҷанд +12...+14°C

Скачать виджет погоды

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Озмунҳо

Агентии

     Гости мира

Flag Counter