ЛОИҲАИ “ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ДАР ҲАВЗАИ ДАРЁИ ПАНҶ” (МАБЛАҒГУЗОРИИ ИЛОВАГӢ)

                                                                                       

                                                                          Сарсухан

Новобаста аз талошҳо оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши  газҳои гулхонагӣ дар ҷаҳон идома дорад, маҳдудияти афзоиши ҳарорат дар ҳадди 2°С ба яке аз проблемаҳои мураккаб табдил меёбад, афзоиши минбаъдаи гармшавии глобалӣ барои иқтисодиёти кишварҳо, муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонида метавонад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъалаи рӯзмарра мебошад, хусусан барои гурӯҳи аҳолии камбизоат ва осебпазире, ки такроран ба зуҳуроти фавқулоддаи гидрометеорологӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим гирифтор мешаванд. Иқтидорнокӣ дар пешгӯии обуҳавошиносӣ ва огоҳии пешакии зуҳуроти иқлимӣ ва гидрологӣ хело заиф мебошад. Ҳамин тариқ, пастшавии хавфи офатҳои табиӣ ва таассуроти босуръати ҷомеаҳои осебпазир ва инчунин кӯшишҳои зиёд барои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим барои кишвар хеле мураккаб мебошад.   

Ҳиссаи миллии муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж ба амалӣ намудани чорабиниҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим  вобаста ба такмил ва таҷдиди хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ  афзалият медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфҳои ояндаи тағйирёбии иқлимро дарк намуда, ба Бонки Осиёгии Рушд ва Фонди Иқлими Сабз, ки шарикони стратегии рушди ҷумҳурӣ мебошанд, бо дархости дастгирӣ барои такмил ва таҷдиди Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонкии Осёгии Рушд ( Грант №0576- TAJ (SF))   ва Фонди Иқлими Сабз (Грант № 0577- TAJ (EF)) бо мақсади татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ”  маблағгузории иловагии грантиро дастрас намуд. Лоиҳа барои баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ, беҳтар ва самаранок намудани пешгӯии обу ҳаво таввасути таҷдиди ҳуқуқӣ ва ташкилии Агентии обуҳавошиносӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо оид ба пешгӯии ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво  дар ҳавзаи дарёи Панҷ ва баланд бардоштани иқтидори самаранокии идоракунии захираҳои обӣ равона карда шудааст.

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд 3 августи соли 2018 ба имзо расидааст.

Оғози лоиҳа: 07.03.2019с.

Анҷоми лоиҳа: 30.06.2023с.

Агентии иҷроия: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Мақсади лоиҳа:

Таљдиди Агентии обуҳавошиносӣ ба сохтори тақвиятнок ва дорои захираҳои устувор бо мақсади беҳтар намудани пешгӯиҳои  ҳодисаҳои табиӣ (обхезӣ) дар ҳавзаи дарёи Панҷ. 

Маблағи умумии лоиҳа:

Маблағи умумии лоиҳа 12.6 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 6.5 млн. доллари ИМА аз ҳисоби БОР, 5 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Фонди иқлими сабз ва 1.11 млн доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Лоиҳа аз чор қисмат иборат аст: 

Қисмати 1:  Таҳдиди бинои асосӣ ва хизматрасони Агентии обуҳавошиносӣ.

Таҳдидкунии мазкур заминаҳои асосии саҳми лоиҳаро дар амалишавии

 Стратегияи хизматрасониҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва унсурҳои асосиро дар чорчӯбаи  глобалӣ барои хизматрасониҳо дар самти таъғирёбии иқлим инъикос менамояд. 

Қисмати 2:   Таҷдиди  ҳуқуқӣ ва ташкилии Агентии обуҳавошиносӣ.

Дар доираи ин қисмати лоиҳа чорабиниҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

  • Такмили статуси ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани даромаднокӣ ва мустақилона идора намудани буҷа, ки аз ҳисоби даромадҳои иловагии Агентии обуҳавошиносӣ ташаккул меёбад;   
  • Мукаммал намудани заминаи институсионалии Агентии обуҳавошиносӣ;
  • Беҳтар намудани назорати сифати хизматрасониҳо;
  • Мустаҳкам намудани иқтидори идоракунии Агентии обуҳавошиносӣ. 

Қисмати 3: Пешгӯӣ ва огоҳкунии вазъи фавқулоддаи обу ҳаво.

Дар доираи қисмати мазкур чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

  • Мукаммал намудани идоракунии захираҳои обӣ ва табодули маълумотҳои обуҳавошиносӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ ;
  • Беҳтар ва васеъ намудани имкониятҳои огоҳнамоӣ (тариқи моделкунонии муосир) аз вазъи обу ҳаво барои пешгӯии обхезиҳои ноҳияҳои пилотии ҳавзаи дарёи Панҷ.
  • Васли таҷҳизотҳои навини системаи пешгӯии обу ҳаво ва огоҳкунӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ;
  • Таҳияи модули муосири пешгӯиҳои обхезӣ барои ноҳияҳои пилотӣ;
  • Омӯзиши кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ва ҷомеаи ҳавасманд дар ноҳияҳо оид ба системаи огоҳнамоӣ ва пешгӯиҳои обхезиҳо ва омода будан ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ; 

Қисмати 4: Маркетинги хизматрасониҳои Агентии обухавошиносӣ. 

Дар доираи қисмати мазкур чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

  • Таҳияи стратегияи бозоргонӣ (маркетинг) ва беҳтар намудани иқтидорҳои мавҷуда;
  • Ташкил намудани шабакаи муштариён, ки аз хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ истифода мебаранд;
  • Коркарди маълумотҳо ва омода намудани маҳсулотҳои пешгӯикунандаи обуҳавошиносӣ, аз ҷумла барои ҳавзаи дарёи Панҷ;
  • Пешниход намудани хизматрасониҳои пулакӣ ва ройгон;
  • Мукаммал намудани сифати хизматрасониҳои иттилоотӣ;
  • Коркарди маҳсулоти нави обуҳавошиносӣ.

Захираҳои Лоиҳа