Машварати омўзишӣ оид ба Мониторинг ва баҳодиҳӣ

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи давлатии сармоягузории «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) бо мақсади шиносоӣ бо системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ бо иштироки кормандони Агентии обуҳавошиносӣ, Гурўҳи татбиқи лоиҳа ва мушовирони Ширкати байналмилалии FCG  23 январи соли ҷорӣ машварати омўзишӣ баргузор гардид. Мутахассиси  мониторинг ва баҳодиҳии Гурўҳи татбиқи лоиҳа М. Музаффаров, сардори Раёсати мониторинги ҳифзи муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ С. Самиев ва мушовири миллии ширкати байналмилалии мушовирӣ Ф. Саидов оид ба системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ, самтҳои баҳодиҳии иҷроиши корҳо, сифатнокии онҳо ва тартиби ҳисоботдиҳӣ ба сохторҳои марбута, таҷрибаи мавҷудаи Агентии обуҳавошиносӣ дар самти мониторинг ва баҳодиҳӣ маълумот доданд. Омўзиши системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ барои саривақт баҳогузорӣ намудани корҳои банақшагирифташуда, сатҳу сифати онҳо, иҷрои нақшаҳои татбиқи лоиҳа ва тақвият додани хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ мусоидат менамояд.