Идоракунии захираҳоиобӣ дар ҳавзаидарёи Панҷ (маблағгузории иловагӣ)

22 ноябри соли 2019 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони Агентӣ семинари омўзишӣ дар мавзўи «Маркетинги хизматрасониҳои иттилоотии Агентии обуҳавошиносӣ» баргузор гардид.

Семинари мазкур аз ҷониби Гуруҳи татбиқи лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ" (маблағгузории иловагӣ), ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии Бонки осиёгии рушд амалӣ карда мешавад, ташкил карда шудааст.

Дар семинар 40 нафар кормандони сатҳи олӣ ва миёнаи Агентии обуҳавошиносӣ, аз ҷумла 17 нафар занон, намояндагони марказҳои минтақавии обуҳавошиносӣ ва мушовирони ширкати машваратии байналмилалии FCG International Ltd (Финляндия) ширкат варзиданд. Мушовирони байналмилалӣ таҷриба ва амалияи худро, ки дар Институти метеорологии Финландия дар соҳаи маркетинги ҷонибҳои ҳавасманд истифода шудаанд, пешниҳод карданд. Дар натиҷаи семинар, иштирокчиён оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва такмили системаи пешгўӣ як қатор тадбирҳоро пешниҳод карданд.