Моделҳои пешгӯии обхезӣ

9-10 ноябри соли 2020 аз ҷониби гурӯҳи мушовирони байналмилалии лоиҳа (мутахассиси пешгӯии обхезӣ) омӯзиш оид ба «Моделҳои пешгӯии обхезӣ» гузаронида шуд. Дар ин омўзиш мутахассисони Шуъбаҳои гидрология ва яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ ширкат варзиданд. Презентатсияҳо оид ба таҳияи модели гидрологии HEC-HMS, таҳияи модели метеорологӣ, пайвастани маълумоти гуногун тавассути менеҷери иттилоот пешниҳод карда шуданд. Функсияҳои модели гидравликии HEC-RAS, аз ҷумла моделсозии 1D, моделсозии 2D ва қобилияти моделсозии гидравликии 1D-2D пешниҳод карда шуданд.

Имкониятҳои истифода ва татбиқи модели гидрологии HEC-HMS ва модели гидравликии HEC-RAS барои пешгӯии обхезӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу ва Яхсуи ҳавзаи дарёи Панҷ муҳокима карда шуданд.

Дар доираи лоиҳа, дар Агентии обуҳавошиносӣ оид ба татбиқи модели шадиди пешгӯии обуҳаво ва обхезиҳо омўзишҳои иловагӣ баргузор мешаванд.