Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (маблағгузории иловагӣ) дар соли 2019 рўзи 14 феврали соли 2020 семинари машаваратӣ баргузор гардид. Дар асоси пешниҳоди Агентии обуҳавошиносӣ дар семинари машваратӣ инчунин самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид.

Дар семинар роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ,  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Академияи илмҳои ҶТ, намояндагии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд, дар маҷмўъ 70 нафар ширкат намуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ зимни баромад қайд намуд, ки Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёгии Рушд таҳия гардида буд ва дар семинари машваратӣ, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи давлатии сармоягузории “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (маблағгузории иловагӣ) баргузор гардид,  самтҳои афзалиятнок ва равандҳои амалишавии стратегияи мазкур мавриди таҳлилу муаррифӣ қарор дода шуданд.

Намояндаи Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон Паёми Натан Ривро ба иштирокчиёни семинари машаваратӣ қироат намуда,  қайд кард, ки самтҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд мунтазам тақвият меёбанд. Бо дастгирии Бонки Осиёгии Рушд Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (маблағгузории иловагӣ) мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки дар таҳким ва тақвияти таҳдиди Агентии обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани дониш ва малакаи кормандони он мусоидат менамояд.

Аз тарафи роҳбарияти Кумита ва роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ қайд гардид, ки Стратегияи мазкур дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат менамояд. Дар сатҳи байналмилалӣ, Стратегия барои Тоҷикистон ҳамчун воситаи асосӣ дар пешбарӣ ва таблиғи мавқеи худ дар гуфтушунидҳо дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мешавад ва оид ба иҷрои уҳдадориҳои қабулшуда ва банақшагирии минбаъдаи  иқтисодиёти миллӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим гузориш медиҳад.