27-28 июли соли 2020 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) бо дастгирии Бонки Осиёгии Рушд ва бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди иҷтимоӣ баргузор гардид.

 Семинари омўзишӣ тибқи дастурҳои Бонки Осиёгии Рушд бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбӣ, иттилоотрасонӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва гендерӣ, инчунин тақвият додани иқтидори идоракунӣ ва имкониятҳои мутахассисони сатҳи миёна ва олии Агентии обуҳавошиносӣ баргузор карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ 40 нафар кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ба омўзиш фаро гирифта шуда, оид ба самтҳои афзалиятноки рушди гендерӣ, ҷалби занон барои идоракунии захираҳо, баробари гендерӣ ва ҷанбаҳои қонунгузориҳои ҷорӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ маълумот гирифтанд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи давлатии сармоягузории «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) ба рушди гендерӣ, ҷалб ва ҳамкории занон, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо дар масъалаҳои идоракунӣ, маркетинг, молия, баҳодиҳии экологӣ аҳамияти хоса дода мешавад. 

Иштирокчиёни семинари омўзишӣ иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо саривақтӣ ва мақсаднок буда, барои мукаммал гардидани сатҳи дониш ва малакаи онҳо заминаи мусоид мегузорад.