Тақвияти иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд.

Бо мақсади таҳкими ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд ва муайян кардани эҳтиёҷоти онҳо ба маъулумоти обуҳавошиносӣ, 27 ноябри соли 2019 дар доираи лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ" (маблағгузории иловагӣ) бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ВАО, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва вилоятҳо, шарикони рушд, мушовирони байналмилалии лоиҳа ва дигар ташкилотҳое, ки маълумоти обуҳавошиносии Агентиро истифода мебаранд, семинар баргузор гардид. Дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа барои ҷонибҳои ҳавасманд презентатсияҳо пешниҳод карда шуданд. Иштирокчиён дар бораи сохтори институтсионалӣ, системаи огоҳӣ ва идоракунии иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин таҷрибаи байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди иттилооти обу ҳаво маълумот доданд.