Семинари машваратӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳа дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 

26 феврали соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ дар мавзӯи “Натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (маблғгузории иловагӣ) дар соли 2020 ва нақшаи татбиқ барои соли 2021 баргузор гардид. Дар семинар намояндагони вазорат, кумита ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор, ҷамъ 40 нафар иштирок намуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Дӯстзода Д. С.  қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар раванди шиддатёбии тағйирёбии иқлими сайёра татбиқи лоиҳаҳо зарур ва боиси дастгирист. Новобаста ба мушкилиҳои соли гузашта татбиқи лоиҳа тибқи нақша сурат гирифт. Татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” дар самти ҳавошиносӣ, обшиносӣ, агрометеорологӣ ва тағйирёбии иқлим саҳми худро дошта, барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти таҷдиди ташкилию ҳуқуқӣ, инфрасохтории Агентии обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши муайянро дорад.

А. Ҳомидов - муовини роҳбари мушовирони татбиқи лоиҳа дар бораи фаъолияти ширкати байналмилалии FCG дар соли 2020 ахборот дод. Қайд гардид, ки мушовирони байналмилалӣ тариқи фосилавӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо мушовирони миллӣ барои иҷро ва ҳамоҳанг сохтани корҳои лоиҳа тавсияҳои зарурӣ омода намуда, як қатор омўзишҳои фосилавӣ барои кормандони Агентии обуҳавошиносӣ баргузор карда шуданд.

Мутахассиси мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа Музаффаров М. оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳа дар соли 2020 ва нақшаи татбиқи лоиҳа дар соли 2021 ва мутахассис оид ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди иҷтимоӣ Л. Ядгарова оид ба натиљаҳои самти фаъолияти гендерӣ ба ҷонибҳои ҳавасманд маълумот пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни семинари машваратӣ ба музокира баромада, натиҷаҳои татбиқи лоиҳаро хуб арзёбӣ намуданд ва иброз доштанд, ки татбиқи лоиҳа дар самти истифодаи усулҳои муосири  обуҳавошиносӣ заминаи мусоид мегузорад.