Семинари машваратӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд

«Дурнамои хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ ва ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд»

Бо дастгирии Бонки Осиёгии Рушд ва дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи Лоиҳаи давлатии сармоягузории «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) 11 ноябри соли равон бо ҷонибҳои ҳавсманде, ки аз хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ истифода бурда истодаанд, семинари машваратӣ баргузор гардид. Дар маҷмўъ дар чорабинӣ 70 нафар намояндагони вазорату кумита, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, Воситаҳои ахбори омма, ширкатҳои мобилӣ, бахши меҳмонхонаҳо иштирок карданд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо семинари машваратиро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки маълумотҳои бисёрҷанбаи обуҳавошиносӣ барои ҳамаи соҳаҳои рушди мамлакат хело муҳим арзёбӣ мегарданд. Имрўз дар мамлакат қариб дар ҳамаи соҳаҳо ва сохторҳои амалкунанда маълумоти саривақтии обуҳавошиносӣ дар раванди фаъолияти онҳо зарур аст. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо бояд ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд, бо назардошти дастрасӣ ва таъмини саривақтии маълумотҳои  гуногуни обу ҳаво тақвият дода шавад.    

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таи солҳои охир сатҳу сифати хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ беҳтару хубтар гардида истодааст. Дигаргуниҳо ва тағйиротҳои иқлими сайёра имрўзҳо яке аз масъалаҳои мубрами байналмилалӣ арзёбӣ карда мешаванд. Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосӣ аз он иборат аст, ки фаъолияти ҳамарўза ба шароитҳои тағийрёбии иқлим мутобиқ карда шуда, барои пешгирии ҳодисаҳои зарароварии табиӣ чораҳои мақсаднок амалӣ карда шаванд.

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дўстзода Д. С. иброз намуд, ки Агентии обуҳавошиносӣ дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, барои дар сатҳу сифати баланд ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳамарўза оид ба пешгўӣ ва вазъи обу ҳавои кишвар, огоҳии пешакӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, маълумотҳои агрометеорологӣ, чорабиниҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамкориҳо бо вазорату кумита ва сохторҳои марбута барои беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳо мусоидат менамоянд.  Агентии обуҳавошиносӣ тасмим гирифтааст, ки бо дарназардошти вазъи имрузаи тағйирёбии иқлим, хизматрасониҳои наву муосир коркард шуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод карда шаванд.

Дар рафти семинари машваратӣ вазифа ва мақсадҳои Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (маблағгузории иловагӣ), таҷрибаи байналмилалии маркетинги хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ, фаъолияти шуъбаи маркетинги Агентии обуҳавошиносӣ ва натиҷаи назарсанҷӣ оид ба сатҳу сифати хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ, ки дар доираи татбиқи лоиҳа дар байни ҷонибҳои ҳавасманд аз ҷониби ширкати M-Vector гузаронида шуда буд, муаррифӣ карда шуданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни семинари машваратӣ оид ба дурнамои ҳамкориҳо, тақвият додани муносибатҳо дар самти истифодабарии хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ,  инъикоси маълумотҳои обуҳавошиносӣ тариқи Воситаҳои ахбори омма, таҳвили маълумотҳо тавассути шабакаҳои мобилӣ, дастрасӣ ва беҳтар намудани сомонаи интернетии Агентии обуҳавошиносӣ, таҳияи маҳсулотҳои нав ва ғайра таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.