Семинари машваратӣ дар байни ҷонибҳои ҳавасманд

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) санаи 23 декабри соли 2021 дар мавзӯи «Таҳкими иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд» семинари машваратӣ баргузор гардид. Дар кори Семинари машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло ва намояндагони зиёда аз 50 ҷонибҳои ҳавасманд иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои дурнамои ҳамкорӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд, усулҳои омода ва паҳн намудани маълумоти обуҳавошиносӣ, самтҳои маркетинги хизматрасонии Агентии обуҳавошиносӣ ва натиҷаи марҳилаи дуюми назарсанҷӣ дар байни ҷонибҳои ҳавасманд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони Вазорати кишоварзии ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ШСКХ «Барқи тоҷик», Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Трести мелиоративии чарогоҳҳо, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ баромад намуда, барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда оид ба хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ таклифҳои мушаххасро пешниҳод намуданд.