Системаи муосири истеҳсолӣ ва технологияҳои иттилоотӣ

3 ноябри соли 2020 гурӯҳи мушовирони байналмилалии лоиҳа (Институти метеорологии Финляндия) омӯзиши онлайнро дар мавзӯи «Системаи муосири истеҳсолӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» гузаронд. Дар ин омўзиш мутахассисони Институти метеорологии Финландия дар бораи виртуализатсияи ТИ-системаи ИМФ, системаи идоракунии маълумотҳои ИМФ, системаи пешгӯии ИМФ бо истифодаи SmartMet, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи системаҳои оператсионӣ, мубодилаи маълумот ва пешниҳоди маҳсулотҳо маърӯза карданд.

Имкониятҳои истифода ва ба кор бурдани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва виртуализатсия дар Агентии обуҳавошиносӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи лоиҳа, барои такмили технологияҳои иттилоотии Агентии обуҳавошиносӣ омўзишҳои иловагӣ баргузор мешаванд.