Ташкил намудани Гуруҳи рушди маркетинг

Дар ҳамкорӣ бо Агентии иҷроия бо мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаи маркетинги Агентии обуҳавошиносӣ вазифаҳои минбаъдаи шуъбаи мазкур мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд. Бо назардошти он, ки яке аз самтҳои татбиқи лоиҳа аз маркетинги хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ иборат аст, оид ба такмили равандҳои корбарӣ, коргузорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи шуъбаи маркетинг тавсияхои судманд пешниход гардиданд. Дар доираи фаъолияти маркетинги хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ вохўрии кормандони шуъбаи маркетинг бо мушовирони ширкати байналмилалии FCG, ки барои идоракунии лоиҳа ҷалб гардидаанд ва Гуруҳи татбиқи лоиҳа баргузор гардид. Пешниҳод карда шуд, ки шуъбаи маркетинги Агентӣ бо кадрҳои соҳибмалака ва дорои таҷрибаи баланди корбарӣ таъмин гардида, дар доираи татбиқи лоиҳа нақшаҳои фарогирии онҳо ба омўзишҳо таҳия карда мешаванд. Бо мақсади тақвият додани фаъолияти маркетинг Гуруҳи идоракунӣ ва рушди маркетинг таъсис дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ ду вохурӣ бо Гуруҳи мазкур бо иштироки кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ва мутахассисони ГТЛ баргузор гардид. Дар асоси пешниҳоди Гуруҳи идоракунӣ ва рушди маркетинг нақшаи омода ва амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ таҳия гардида, супориши техникӣ бо Бонки Осиёгии Рушд ва Агентии иҷроия мувофиқа карда шуд. Инчунин мувофиқи нақшаи корбарӣ байни Агентии обуҳавошиносӣ ва ширкати мобилии «Tcell» барои ирсол намудани хабарҳои обуҳавошиносӣ тариқи паёмакҳо (SMS-рассылка) шартнома ба имзо расид.